Фардо дар Русия мотами умумимиллӣ эълон шуд

Президент таъйид кард, ки террористон кӯшиши пинҳон шуданро дар қаламрави Украина кардаанд, ки дар он ҷо барои убури сарҳад гурезгоҳ омода шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Рӯзи 24 март дар Русия ба хотири қурбониёни ҳамлаи террористии Крокус Сити Холл мотами умумимиллӣ эълон шуд.
Дар ин бора расиҷумҳур Владими Путин дар муроҷиаташ ба аҳолии Русия изҳор дошт.

"Тамоми кишвар бо шумо мотам дорад",- гуфт вай.

Ӯ ин ҳодисаро як ҳамлаи террористии хунин ва ваҳшиёна номид.
"Даҳҳо одамони осоишта ва бегуноҳ қурбонии ҳамлаи террористӣ дар Крокус шуданд", - гуфт президенти Русия.
Ба гуфтаи президент, ҳамаи чаҳор нафар, ҳамаи онҳое, ки мардумро тирпарронӣ карда куштанд, пайдо ва боздошт шуданд
"Онҳо ба сӯи Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо "тиреза" омода карда шуда буд", - гуфт Путин.
Вай афзуд, дар маҷмӯъ 11 нафар боздошт шудаанд.
Вай таъкид кард, ки ҳама иҷрокунандаҳо, созмондиҳандагон ва фармоишгарон новобаста аз кӣ буданашон ҷазо хоҳанд гирифт.
"Мо ҳар касеро, ки ин ҳамла ба Русияро омода кардааст, муайян ва муҷозот хоҳем кард" гуфт президент.
Гиромидошти хотираи қубониёни ҳамлаи "Крокус" дар Душанбе - видео
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 93 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Золимонаву ғайриинсонӣ: Раҳмон ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскавро маҳкум кард
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Владимир Путин аз тирпарронӣ дар Крокус дар дақиқаҳои аввал хабардор шуда, дар бораи ҳодиса ва чораҳои андешидашуда тавассути тамоми хадамоти дахлдор маълумот мегирад.
Баъдан, хадамоти матбуоти президент гуфт, ки сарони ФСБ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи тафтишот ва Гвардияи Русия ба сарвари давлат оид ба тафтиши ҳамлаи террористӣ, наҷоти одамон, ёрӣ ба зарардидагон ҳисобот доданд.