Дар шаҳри Душанбе дар боғи Ирам ҷашнвораи байналмилалии "Наврӯз – мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ" баргузор гардид.
Сокинону меҳмонони пойтахтро бо раксу суруд ва расму оинхои миллӣ дар ҳайрат гузоштанд.
Иштирокдорон дар ин чорабинӣ имкон доштанд аз ҳунарҳои дастӣ бубинанд ва аз таомҳои суннатии тоҷикӣ, аз ҷумла суманак – таоми асосӣ ва рамзи ид лаззат бубаранд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар боғҳо намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд, ки ҳар кас метавонад аз он ашёи дилхуши худро бихарад.
Мақомот инчунин ҷойҳои махсус омода кардаанд, ки дар онҷо барои сокинону меҳмонон дар бораи бахши сайёҳии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.
Наврӯз қадимтарин ҷашни тамоми мардуми шарқ буда, рамзи оғози зиндагии нав дар рӯзи баробаршавии баҳор ва ифтитоҳи соли нав мебошад.
Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст.
Наврӯз дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Македония, Албания ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
ИН ҷашн инчунин дар қаламрави Русия - дар Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар ҷумҳуриҳои миллӣ таҷлил мешавад.