Табрики наврузии Раисӣ ба Раҳмон

Раисҷумҳури Эрон бо ирсоли паёме, фаро расидани Наврӯзро ба ҳамтои тоҷики худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Сайид Иброҳими Раисӣ раисҷумҳурии Эрон бо ирсоли паёме кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати фаро расидани Наврӯз табрик гуфта, ибрози умедворӣ кард, ки равобити ду кишвар беҳтару густардатар мешавад.
“Фаро расидани растохези табиат, гоҳи рӯйиши замин ва оғози соли навро ба миллати дӯст ва мутамаддини Тоҷикистони табрик ва шодбош мегӯям”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки паёми Наврӯзӣ, паёми сулҳу ҳамзистии мусолиматомез ва намоди пайванду оштӣ аст.
“Умедворам бо омадани эътидоли баҳорӣ ва шукуфо шудани табиату дигаргунии замин, хасоиси неку писандида дар дилу ҷони ҳамаи инсонҳо шукуфо гашта ва палидиву нопокиҳо аз рафтору кирдори башар рахт барбандад ва таҳаввули амиқ дар аҳволи одамиён падидор гардад то шоҳиди рушду камоли ҷомеъа башарӣ бошем”, - қайд кардааст Раисӣ.
Раҳмон тоҷикистониёнро ба Наврӯз табрик кард
Раисҷумҳури Эрон дар паёмаш таъкид кардааст, ки имсоли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, ин муносибати фархундаро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки мардуми мазлуму муқтадири Ғазза ҳамчунон бо ҳамалоти Исроил рӯ ба рӯ ҳастанд.
Вай илова кард, ки Ғазза дар муҳосира комил буда ва аз дастрасӣ ба имконоти ибтидои беҳдоштӣ ва маишӣ низ маҳрум шудаанд, дар маърази хатари гуруснагӣ ва қаҳти қарор гирифтаанд.
“Лизои вазифаи инсонии мост, ки бо истифода аз тавонмандиҳоямон, гомҳои амалии ҷаддӣ барои таваққуфи ҳамалоти Исроил ва ирсоли кумакҳои башардӯстона барои мардуми Ғазза бардорем”, - зикр кард оқои Раисӣ.