ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба муносибати фарорасии Наврӯз сокинони кишварро табрик гуфт.
"Ҳамватанони азиз, ҳамдиёрони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди мамлакат тандурустӣ, зиндагии босаодат ва ба мардуми сайёра сулҳу оромӣ орзу менамоям”, - омадааст дар хабари дафтари матбуоти раҳбари кишвар.
Вай таъкид кард, ки нақши ҷашни Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни марди деҳқон – давомдиҳандаи кори Бобои Одам ба ҳисоб меравад ва бо соҳаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад.
Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ки солҳои охир бо сабаби мураккабу ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин, паҳн шудани бемориҳои сироятӣ таъминоти аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардида истодааст.
“Дар кишвари мо низ камобӣ идома дошта, бориши барфу борон нисбат ба соли гузашта 70 фоиз кам мебошад”, - қайд кард Раҳмон.
Вай илова кард, ки мардуми Тоҷикистон бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда, табиату иқлими мусоиди кишвар ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барад.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки дар шароити кунунӣ зарур аст, ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
“Бовар дорам, ки дар соли нави аҷдодӣ мардуми сарбаланди мамлакат ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам бештар кор мекунанд ва заҳмат мекашанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш.