Дар чаҳор ноҳияи пойтахт табақи бузурги сабзаи суманак гузошта шуд

Мақомоти шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки дар чор ноҳияи пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак гузошта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдорӣ табақҳои сабзаи суманак дар ноҳияҳо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз гузошта шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки дар паҳлуи табақи сабзаи суманак дигар ороишоти ба ин ҷашн хос низ гузошта ва дар атрофи он сабзаю дарахтони пургул, сабадҳои гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки барномаҳои асосии наврӯзие, ки дар Душанбе дар назар аст, барои як рӯз ба таъхир афтоданд.
Тантанаҳои наврӯзӣ, мебоист рӯзҳои 21 ва 22 доир мешуд, аммо акнун рӯзи 23 март дар назар гирифта шудааст.
Раҳмон тоҷикистониёнро ба Наврӯз табрик кард
Сабаб ҳавои тағйирёбанда дар пойтахт ва пешгӯии борони шадид гуфта шудааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, барномаҳои фарҳангии Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт санаи 23 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ва “Карнавали Наврӯзӣ” санаи 24 март, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, нимаи дуюми рӯз баргузор мегарданд.
Дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Барномаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар боғи Куруши Кабири, дар ноҳияи И.Сомонӣ дар боғи ба номи С. Айнӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ дар боғи ба номи А.Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайём тантанаҳои ноҳияи Сино баргузор мешаванд.
Суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад.