ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Комиссари ҳарбӣ бо пора хабар дод.
Тавре дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ додааст, ахиран як шаҳравнд ба Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ва бародари шафқати Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз ӯ пора талаб доранд.
Ба гуфтаи манбаъ номбурдагон аз шаҳрванд барои ба рӯйхати даъватшавандагони алтернативӣ номнавис кардан ғайриқонунӣ маблағи 17 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Зикр гардидааст, ки Агентӣ худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода, баъд аз гирифтани пора аз шаҳрванд комиссари ҳарбӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Қайд карда шудааст, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайянгардида дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.
Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2021 амал мекунад ва соли равон қимати он 51 ҳазор сомонӣ аст.
Тибқи нишондиҳандаи ҳисобҳо дар тарҳи нави буҷаи кишвар барои соли 2024 он 3 ҳазор сомонии дигар гаронтар шуда, ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд.