Интихоботи президенти Русия

Одилонаву шаффоф: Арзёбии нозирони ИДМ аз баргузории интихоботи президентии Русия

Нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузории интихоботи президентии Русияро ошкорову шаффоф, одилона ва рақобатпазир хондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Нозирони ИДМ қонуншиканиҳо дар интихоботи президентии Русияро ба қайд нагирифтанд, ки метавонад ба натиҷаҳои онҳо таъсир расонад.
Дар ин бора роҳбари ҳайати нозирони ИДМ, муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Илхом Неъматов иброз дошт.
Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ, овоздиҳӣ ошкоро, одилона ва ба принсипи баргузории интихоботи демократӣ мувофиқ буд.

"Овоздиҳӣ ва ҳисобкунии овозҳо оромона, муташаккилона, бо риояи пурраи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия сурат гирифт. Нозирон аз ИДМ ягон қонуншикание, ки метавонанд ба натиҷаҳои овоздиҳӣ, ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонанд, ба қайд нагирифтанд. , — гуфт мавсуф.

Ӯ гуфт, ки намояндагии ИДМ ба хулосае меояд, ки интихоботи президентии ФР комилан мувофиқи сарқонуни кишвар ва қонунгузории интихоботи дар кишвар амалкунанда, ошкоро ва шаффоф, одилона, рақобатпазир доир шуд.
Вай афзуд, хусусияти хоси интихоботи гузашта истифодаи густурдаи навовариҳо: дурбинҳои назоратӣ, овоздиҳии электронии фосилавӣ ва се рӯз барои баргузории интихобот буд.
Нозирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сатҳи баланди омодагӣ ба овоздиҳӣ ба интихоботи президентии Русия ва ҳузури баландтарини мардумро қайд кардаанд.
Интихоботи президенти Русия
Путин: Орзу мекардам, ки Русияи тавоно, мустақил ва соҳибихтиёр бошад
Олга Петрашова, ҳамоҳангсози ҳайати Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Федератсияи Русия дар доираи миссияи нозирони байналхалқӣ аз ИДМ гуфт, ки шаффофияти раванди интихобот пурра таъмин буд.
Мавсуф ҳамчунин аз сатҳи баланди омодагӣ ба ҷараёни овоздиҳӣ, кордонӣ ва салоҳияти аъзои комиссияҳои интихоботӣ ситоиш кард.
Вай афзуд, нозирон зимни боздид аз қитъаҳои интихоботӣ оилаҳои кӯдакону пиронсолонро диданд, ки барои овоздиҳӣ ба номзади худ омадаанд.
"Ин хеле муҳим аст. Мо дар ҳавзаҳои интихоботӣ фазои махсуси масъулияти шаҳрвандӣ, муносибати ғамхоронапро нисбат ба ояндаи кишварамон эҳсос кардем", - таъкид кард узви ҳайати нозирон аз ИДМ.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кард.
Овоздиҳӣ дар Русия тӯли 3 рӯз - 15, 16 ва 17 март баргузор шуд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 94 ҳазор щавза фаъолият мекард.
Интихоботи президенти Русия
Ширкати раъйдиҳандагон дар интихоботи президентии Русия дар Тоҷикистон рекордӣ шуд
Чаҳор номзади аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия сабти номшуда, барои курсии раиси ҷумҳури Русия: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин мубориза бурданд.
Дар Тоҷикистон имкони овоздиҳӣ дар 6 қитъаи интихоботӣ вуҷуд дошт. Онҳо рӯзи 17 март аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ кор карданд.
Дар хориҷа дар 144 кишвари ҷаҳон 295 қитъаи интихоботӣ фаъолият дошт.