Интихоботи президентии Русия аз 15 то 17 март баргузор шуд.
Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, имкон доштанд барои ояндаи кишвари худ раъй диҳанд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон 6 ҳавзаи интихоботӣ 12 соат фаъолият кард.
Дар назди шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Душанбе аз саҳар навбати тӯлони ба вуҷуд омад.
Ҳар соат одамон зиёд мешуданд. Иштироки мардум дар интихоботи президентии Русия дар Тоҷикистон рекордӣ буд.
Бино ба иттилоъи сафорати Русия дар ин кишвар, дар раъйдиҳӣ беш аз 9500 нафар ширкат карданд.
Овоздиҳӣ чӣ гуна сурат гирифт ва барои чӣ иштироки интихоботт барои раъйдиҳандагон муҳим аст дар видеои мо тамошо намоед.