ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми се рӯзи оянда обу ҳавои ноустувор ва хатарнок пешгӯӣ карда мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар истинод ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 19 то 23 март дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағжиши тарма вуҷуд дорад.
Ҳамчунин рӯзҳои 21-22 марти соли 2024 дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва навоҳии ғарбии ВМКБ боронҳои пуршиддат меборанд.
Гуфта мешавад, ки дамои ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ то 7-9 дараҷа тағйир меёбад.
"Дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳои харобкор аз эҳтимол дур нест",- ҳушдор додааст КҲФ.
Дар робита ба огоҳиҳо наҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки худро сари вақт ба сар задани ҳар офати эҳтимолӣ омода созанд. Сари вақт ҷӯйбору каналу селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардаҳову хасу хошок ва сангу шағал тоза кунанд.
КҲФ дар чунин рӯзҳо рафтан ба шикоргоҳ, ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, анҷоми корҳои кишоварзӣ дар саҳро ва чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳоро тавсия намедиҳад.
Аз ронандагон дархост шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатриро риоя кунанд, бахусус риояи фосилаи байни мошинҳо як гарави таъмини амният аст.