Интихоботи президенти Русия

Маълум шуд, ки то ҳол дар Тоҷикистон чанд шаҳрванди Русия пушти сандуқҳои раъй рафтанд

Интихоботи президентии Русия дар қаламрави Тоҷикистон идома дорад ва дар ҳоли ҳозир наздик ба шаш ҳазор нафар дар он раъй додааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон интихоботи президентии Русия барои шаҳрвандони ин кишвар, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ кору зиндагӣ доранд, ҷараён дорад.
“То соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ (12:00 бо вақти Маскав) дар интихобот 5819 раъйдиҳанда ширкат намудааст”, - иттилоъ додааст хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар истинод ба сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.
Интихоботи президенти Русия
Сафири Русия аз мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ташкили интихобот изҳори сипос кард
Раъйдиҳӣ тӯли се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад ва чаҳор номзаде, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Русия сабти ном шудааст, барои курсии раҳбари давлат: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин рақобат доранд.
Овоздиҳӣ соати 20:00 ба охир мерасад, охирин минтақаи дар он раъйдиҳӣ ба анҷом мерасад вилояти Калинингради Русия хоҳад буд.
Дар ҷараёни интихоботи президентии Русия дар хориҷи кишвар 295 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла 6 ҳавзаи интихоботӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад.