ДУШАНБЕ, 16 март — Sputnik. Иштироки интихобкунандагон дар интихоботи президентии Федератсияи Русия дар маҷмӯъ дар кишвар то соати 09:00 ба вақти Маскав ба 36,55% расидааст.
Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан 2,6 млн нафар аз шаҳрвандони Русия дар интихобот пешакӣ овоз доданд.
Зиёда аз се миллион нафар аллакай ба таври фосилавӣ овоз додаанд.
Дар маҷмуъ қариб 5 миллион интихобкунанда қасд доранд дар интихобот дар ин шакл ширкат кунанд.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст. Овоздиҳӣ давоми се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар интихоботи президентии Федератсияи Русия ширкат кунанд.
Аз ҷумла 17 март дар ду қитъаи интихоботӣ - дар шӯъбаи консулии сафорати Русия дар Душанбе ва консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд имкони раъйдиҳӣ фароҳам аст.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамчунин чаҳор нуқтаи дигар барои низомиёни Русия ва аъзои хонаводаи онҳо фаъолият хоҳанд кард.
Нуқтаҳои интихоботӣ аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.