Музокироти Ятимов бо Тошиев дар Суғд

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Мулоқоти ҷонибҳо дар меҳмонхонаи ба номи "Абдуқодир Ҷабборзода", ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд воқеъ аст, сурат гирифтааст.
Дар ин бора манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
"Мулоқот дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар таҳти райисии роҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид" - гуфт, манбаъ.
Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ дод, зимни мулоқот ду генерал масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Қайд карда шудааст, ки мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ баргузор гардид.
“Музокираи тарафҳо беш аз ду соат давом кард”, - таъкид намуд, манбаъ.
Зикр гардидааст, ки дар ин музокирот ҳамчунин раиси вилояти суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ҳузур доштааст.
Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои тақсимоти об дар давраи кишти баҳорӣ
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки баро баррасӣ "минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондааст ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд".
Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи феврал беш аз 1,1 км марзи муштаракро мушаххас кардаанд.
Ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар соли гузашта зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Вай илова карда буд, ки арду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.
Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтаст.