ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, барои ҳама боз аст.
Дар ин бора ҳамраиси кумитаи байналмилалии машваратии раванди оби Душанбе Султон Раҳимзода изҳор дошт.
“Аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамаи кишварҳои узви СММ, инчунин ба ниҳодҳои дахлдори СММ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, ки ба навъе дар соҳаи захираҳои об машғуланд, даъватнома ирсол гардид”, - гуфт ӯ дар брифинги Вазорати умури хорҷа.
Раҳимзода қайд кард, ки илова бар ин, котиботи конфронс дар бораи баргузории ин конфронс ба се ҳазор нафар аз рӯи рӯйхат маълумот мефиристад ва ҳамаи нафароне, ки онро дастрас мекунанд метавонанд дар конфронс ширкат варзанд.
"Мо сатҳи мақомдорони сатҳи олиро даъват кардем - сарони давлатҳо, сарони ҳукуматҳо. Раванди тасдиқи иштироки онҳо ҳоло оғоз мешавад ва тавре ки аз конфронсҳои қаблии Душанбе маълум аст, шумораи зиёди меҳмонон ба Тоҷикистон меоянд. — гуфт раиси комита.
Вай афзуд, дар конфронси охир, ки соли 2022 баргузор шуда буд иштироки 1,5 ҳазор нафарро интизор будем, вале дар ниҳоят ба он чорабинӣ 2,5 ҳазор нафар сабти ном шуданд.
“Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ба конфронси Душанбе таваҷҷуҳ зиёд аст, мо умедворем, ки ин дафъа дар конфронс меҳмонони олӣ зиёд хоҳанд буд”, - гуфт Раҳимзода.
Конфронси моҳи июн сеюмин дар ин мавзӯъ хоҳад буд. Қаблан инчунин конфронс моҳи июни соли 2022 дар Душанбе баргузор шуда буд.