ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Русия 15 марти соли равон аз соати 8:00 субҳ маъракаи интихоботи президентӣ оғоз ёфт ва он то 17 март идома хоҳад ёфт.
Аз субҳ вазирон, мақомдорон, сиёсатмадорон ва сокинони ин кишвар пушти сандуқҳои раъй рафтанд.
Барои мисол то ҳол, Сергей Шойгу, вазири дифоъ, Валерий Герасимов, раҳбари ситоди кулли артиши Русия, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, Сергей Лавров, вазири хориҷа ва Вечеслав Володин раиси Думаи давлатии Русия пушти сандуқҳои раъй доданд.
Ҳамчунин дар саросари Русия шаҳрвандон имкон доранд дар интихоботи президентӣ ба таври маҷозӣ иштирок намоянд.
Дар ҳоли ҳозир, такрибан 1,6 миллион нафар шаҳрвандони Русия дар интихоботи президентӣ тавассути платформаи раъйдиҳии фосилавӣ овоз доданд.
"Дар давомй 13 соат 1,6 миллион нафар тавассути аз платформаи раъйдиҳии фосилавӣ раъй доданд”, - қайд кардааст Вазорати мухобирот, тавсеаи диҷиталӣ ва иртибототи ҷамъии Русия.
Раъйдиҳӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ 17 март идома хоҳад кард.
Рӯзи сешанбе Вазорати мухобирот, тавсеаи диҷиталӣ ва иртибототи ҷамъии Русия хабар дод, ки тақрибан 5 млн мардуми Русия тавассути сомонаи “Госуслуги” дархост пешниҳод кардаанд, ки дар интихоботи президентӣ ба таври фосилавӣ раъй диҳанд.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.
Овоздиҳӣ се рӯз: 15, 16 ва 17 март идома меёбад. Барои курсии раисиҷумҳури Русия дар Комиссияи марказии интихоботи Русия чаҳор номзади сабтином шудааст: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин.