ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони нави Ҳиндустон, Бангладеш, Подшоҳии Нидерланд, Литва, Словакия, Ватикан, Ангола, Бенин, Сиерра-Леоне ва Колумбияро қабул намуд.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснад самимона табрик гуфт ва таъкид кард, ки фаъолияти самараноки сафирон омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни давлатҳо хоҳад гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста саъй менамояд, то доираи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад.
Вай гуфт, ҳукумати кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ равобити фаъолу созандаро пеш мебарад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар бораи авҷи бесобиқаи ташаннуҷ дар манотиқи гуногуни олам андешаронӣ намуд.
Раҳбари кишвар таъкид дошт, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории пурсамари байнидавлатӣ ҳамчун омилҳои калидии устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти дучанд пайдо менамоянд.
Раисҷумҳур таъкид, ки дар ин замина давлати Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъйинро бахши таркибии сиёсати хориҷиаш медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.