Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои тақсимоти об дар давраи кишти баҳорӣ

Дар вохӯрӣ ғайр аз раисони ноҳияи Ботканду Исфара намояндагони сохторҳои қудратӣ, раёсатҳои хоҷагии об ва роҳбарони ниҳодҳои дахлдори ҳарду ноҳия ҳузур доштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон дар як вохӯрӣ масъалаи кишти баҳориро дар минтақаҳои наздимарзӣ баррасӣ карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуотии ҳукумати Исфара Зубайдулло Шомадов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, вохӯрӣ дар мавзеи Торт-Кочу дар сарҳади деҳаи Орто Бози авули Ак-Татири ноҳияи Ботканд ва деҳаи Хоҷаи Аълои Исфараи Тоҷикистон доир гардидааст.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ раиси ноҳияи Исфара Баҳодваддин Баҳодурзода ва ҷониби Қирғизистонро ҳокими ноҳияи Ботканд Учкунбек Жоробоев роҳбарӣ кардаанд.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони сохторҳои қудратӣ, раисони Раёсатҳои хоҷагии об ва роҳаброни ниҳодҳои дахлдор аз ҳарду ноҳия ҳузур доштаанд.
Тавре манбаъ қайд кардааст, ки ҷонибҳо дар ин дидор масоили марз, тартиботи ҳуқуқӣ, киштукори баҳорӣ, тозакунии ҷӯйбор ва наҳрҳо, инчунин пешгирии ҳолатҳои муноқиша ва иғвоангезиҳои гуногунро баррасӣ кардаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8 феврал дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории топографӣ аз ҷониби Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки соли 2023 гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон 15 ҷаласа гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои онҳо тавсифи 169,48 километр хатти сарҳади давлатӣ анҷом дода шуд.
Масофаи умумии сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 987,6 километрро ташкил медиҳад.
Гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи марз байни кишварҳо аз соли 2022 идома доранд.
Сокинони деҳаҳаҳои наздимарзии ду кишвар борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ба муноқиша пардохтанд, ки чандин бор боиси задухӯрдҳои мусаллаҳон шуда буданд.
Қитъаҳои баҳснок асосан дар мавзеи тақсимоти об, чарогоҳу қитъаи заминҳо, ки ҳарду ҷониб қаламрави худ мешуморанд, ҷойгиранд.