Се вазорат дар Душанбе соҳиби бинои нав мешаванд

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе ба сохтмони биноҳои нави вазоратҳои фарҳанг, маориф, саноат ва технологияҳои санги асос гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузоштанд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз 16 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.
Қайд карда шудааст, ки бинои нав имкон медиҳад, ки тамоми кормандони Вазорати саноат дар як ҷой муттаҳид ва пешбурди фаъолиятро дар шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ таъмин намоянд.
Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар майдони 65 садяк давоми 2 сол сохта мешавад.
Ҳамчунин президенти кишвар ва раиси шаҳри Душанбе ба лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Гузоштани санги асоси бунёди бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна иборат хоҳад буд.
Бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.
Қайд карда шудааст, ки ин иншоот дар муҳлати 2 сол бо сатҳу сифати баланд мавриди ба истифода дода хощад шуд.
Инчунин дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ оғоз ёфт.
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали на закладке камня в Душанбе
Бинои ин вазорат низ аз 18 ошёна иборат мебошад ва на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат шароиту имкониятҳои муосири кориро фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир хоҳанд шуд.
Дар бинои нав ҳамчунин Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маърифат”, Корхонаи воҳиди давлатии “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеъи вазорат, ки ҳоло дар ҳар гушаву канори шаҳр кору фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд.
Манбаъ қайд кардааст, ки бинои мазкур дар муҳлати 3 сол ба истифода дода мешавад.