Аз ланка то ошуқбозӣ: талоши мақомот барои эҳёи бозиҳои миллӣ дар Тоҷикистон

Дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз дар Тоҷикистон, ки ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад, озмуни бозиҳои миллии ниёкон гузаронда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар варзишгоҳи "Хуррамшаҳр" - и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни "Бозиҳои миллӣ" бо иштироки намояндагони 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки дар он аз ҷумла намояндагони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов иштирок доштанд.
Озмун аз ҷумла аз рӯйи бахшҳои "Лалакпарронӣ", "Бодпаракпаррноӣ", "Ҳаппабозӣ", "Лакпарбозӣ", "Ланкабозӣ", "Ошуқбозӣ", "Чиллакбозӣ", "Арғамчинбозӣ" гузаронида шуд, афзуд манбаъ.
Баҳодур роҳхати сеюми олимпиро миёни муштзанҳои тоҷик ба даст овард
Таъкид гардид, ки ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Қаблан Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Феҳрасти миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷикро таҳия карда буд, ки бозиҳои миллии суннатӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Дар бахши варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона 82 унсур зикр шудаанд, аз қабили аккабозӣ, "ана боғ", арғунчак, "аҷириқ ба дандон", байтбарак, бақабозӣ, бандкашӣ, "бедона парид", "бузи танагирак", буҷулбозӣ, ваҷабпарак, гачабозӣ, чавгони пиёда, гургбозӣ, гӯшмолак, донакбозӣ, талақ, тути кал, тухмбозӣ, харкашак, хола-хола, хурӯсҷанг мебошанд.
Инчунин феҳраст шомили бозиҳои "ҷав чанд ман?", шавкурук, яклинга, "чумчуқ ё лайлак?", гурбабозӣ, "кӣ ҷаллод?", офтобмаҳтоб ва ғайра мебошад.