ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар машварати корӣ гузаронд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, машварати мазкур ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, зимни мулоқоти раисҷумҳур бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин рӯзи 9 март садо дода буд, равона гардид.
Раҳмон таъкид дошт, ки масъулин нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ бояд чораҷӯӣ шавад.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ зикр намудаст, ки номатлуб арзёбӣ гардидаанд.
Роҳбари давлат баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистон даъват кардаст, ки аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда бояд истифода шавад.