Ягона роҳи пайвандгари ҷанубу шимоли Тоҷикистон баста мебошад

Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ аз аз тармаҳо дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, масири Душанбе - Чаноқ ва ғарби ВМКБ ҳушдор медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Барфрезии шадид дар роҳи Душанбе - Чаноқ ва фаромадани тармаҳо боиси маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масир шудаст.
Ширкати роҳбони IRS таъкид кард, ки феълан ҳаракати тамоми намуди нақлиёт манъ карда шудааст.
"Кормандони мо ба бартарафсозии тармаҳо машғул буда, тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати нақлиёт зудтар таъмин гардад", - эълон дошт ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ дар ягона роҳи пулакии кишвар машғул аст.
Баҳор дар Тоҷикистон бо бебарқӣ оғоз шуд
Ширкат аз ронандагон даъват намудаст, ки то нашри иттилоъ дар бобати иҷозат додани ҳаракати нақлиёт дар ин масир аз сафар худдорӣ намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ахиран ҳушдор дод, ки то 11 март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ҳамзамон ноҳияҳои ғарби ВМКБ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Бинобар ин, кумита аз шаҳрвандон хост, то ин муддат аз сафари бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки дар рӯзҳои хавфи омадани тарма дар роҳҳои кӯҳӣ постгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд, то сари вақт ба ронандагон ва мусофирони дармонда кумак расонанд.