Тағйирот дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон: Сармураббии нав ҳайати ҷадидро эълон намуд

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тимро барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 маълум кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ба мунтахаб 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват кардаст.
Сармураббии нав 2 бозигари нав Меҳрубон Каримов ва Муродалӣ Ҳақназаровро даъват намудаст.
Тағйирот дар футболи тоҷик баъди маҷлиси Рустами Эмомалӣ
Мунтахаби Тоҷикистон барои омодагиҳо 11 март озими Қатар мешаваду шоми 18 март ба Риёз ба бозӣ муқобили Арабистони Саудӣ парвоз мекунад.
Зӯрозмоӣ 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешаваду бозии ҷавобӣ 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегирад.
Ба ҳайси дарвозабонҳо Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (аз "Истиқлол"), Далерҷон Баротов ("Истаравшан") даъват гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин бозиҳои тими Тоҷикистон дар аҳди сармураббии нав Шекалидзе мебошад, ки ахиран ба ҷои Петр Сегрт ба мақоми сармураббӣ омад.