Муҷоҳид гуфт, аз Афғонистон гуруҳе ба Тоҷикистон таҳдид намекунад

Гуруҳи Толибон* ба тақвияти амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар назар аст, вокуниш кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Амнияти марзӣ миёни Афғонистону тамоми кишварҳои ҳамсарҳад, аз ҷумла Тоҷикистон таъмин аст.
Ин нуктаро сухангӯи ҳукумати Толибон*, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, дар вокуниш ба тақвияти амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки дар доираи СААД дар назар аст, баён доштаст, хабар додаст Тулуънюз.
"Ҳеҷ таҳдиди марзӣ аз хоки Афғонистон мутаваҷҷеҳи кишварҳои ҳамсоя нест, тасреҳ кард, мо ҳаргиз иҷоза намедиҳем шахс ё гурӯҳе аз хоки Афғонистон алайҳи кишваре истифода кунад ва чунин гуруҳҳоеро ҳам дар Афғонистон надорем", - гуфтаст ӯ.
Ахиран дар Маскав масоили ҳифзи амнияти Тоҷикистону Афғонистон дар доираи СААД баррасӣ гардиданд, ки созмон азмаш барои таҳкими ҳифзи онро баён дошт.
СААД афзоиши ҷангиёни ДИИШ*-ро дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мебинад
Қаблан вазири дифои Русия Сергей Шойгу изҳор дошта буд, ки ҳадафи ДИИШ** дар самти стратегии Осиёи Марказӣ паҳн кардани идеологияи радикалӣ ва фаъолиятҳои тахрибкорӣ дар марзҳои ҷанубии СААД аст.
"Мо чораҳои фаъолро андешида истодаем. Имсол дар Ҳавзаи марказии ҳарбӣ талошҳои асосӣ барои рафъи вазъи бӯҳронӣ дар кишварҳои минтақа ва ширкат дар ҳафт размоиш дар қаламравҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон равона карда мешаванд", - гуфт буд Шойгу.
Афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар самти стратегии Осиёи Марказӣ ва интиқоли он аз тариқи ҷумҳуриҳои ин минтақа метавонад ба 20% бирасад, ҳушдор дода буд вазири дифои Русия.
*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
**-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия