Хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад: Таъсиси постгоҳҳои сайёр дар роҳҳо аз сӯйи мақомот

Миқдори зиёди барф, ки дар саросари Тоҷикистон борид, метавонад як мушкили ҷиддӣ ба ҳаракати одамон ва нақлиёт эҷод кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 март — Sputnik. Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма дар назар аст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, дар рӯзҳои 7-8-уми март бино бар обу ҳаво метавонад ҳолатҳои фавқулодда рух диҳад.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва манотиқи ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Наҷотдиҳандагон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд, ки дар минтақаҳои хатарнок ва роҳҳо ҳаракатро маҳдуд намуда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Борон, раъду барқ ва сел: обуҳавошиносон аз якбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво мегуянд
Наҷотдиҳандагони КҲФ барои таъмини бехатарии ронандагон дар шоҳроҳи зимистона ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд посгоҳҳои сайёр таъсис додаанд.
Илова бар ин, дар дигар роҳҳои кӯҳии кишвар кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилии кишвар посбонӣ мекунанд.
Қаблан дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бар асари боридани барфи зиёд, як қатор ҳодисаҳо рух дода буданд. Ҳамин тариқ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 8 маротиба тарма фаромад.