ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Сарраёсати маоорифи шаҳри Душанбе ба омӯзгорон ҳушдор додааст, ки ҷамъоварии маблағ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки ин маҳдудиятҳо ба роҳбарону кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва сокинони пойтахт рабт дорад.
“Тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” ва “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” барои пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад”, - зикр кардааст ин ниҳод.
Раёсати маориф аз сокинони хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати аз ҷониби кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ ва ё туҳфаситонӣ ба телефони боварӣ ё почтаи электронӣ занг зада, арзу шикояти худро бигӯянд.
Мақомот қайд кардааст, ки арзу шикоятҳои пешниҳодшуда, дар доираи қонунгузорӣ барои чораандешӣ ба сохторҳои дахлдор ирсол мешаванд.