ДУШАНБЕ, 6мар – Sputnik. Бар асари нодуруст истифода бурдани бухорӣ (оташдон) 3 узви як оила дар яке аз деҳоти шаҳри Ҳисор кушта шуданд, иттилоъ маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон дар деҳаи Турушбоғи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекардаанд.
КҲФ хабар додааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса фоҷеабор падари 60-сола, модари 54-сола ва духтари 15-солаи онҳо ба ҳалокат расидаанд.
Бояд гуфт, ки ин ҳодисаи дуюм аст, ки узви як хонавода аз дуди ангишт ба ҳалокат мерасанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 28 феврал дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 6 узви як оила аз дуди ангишт ҳалок шуданд. Ин хонавода бо истифода аз ангишт хонаашонро бо бухорӣ гарм мекарданд.
Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ ва роҳҳои нодурусти истифодаи ангишт бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад. Ин аввалин ҳодисаи фавт аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар соли равон аст.