Тағйироти кадрӣ дар сохтори энергетикии Тоҷикистон баъди барқкушии сартосарӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пасманзари қатъи васеъмиқёси интиқоли барқ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар сохтори энергетикии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Сорбон Холмуҳамадзода аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон озод гардид.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд.
Дар қарори ҳукумат далели барканории Холмуҳаммадзода гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ба кадом вазифа.
Ин тағйирот дар пасманзари қатъи интиқоли ахири барқ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Дар рӯзи аввали баҳор барқ дар бисёре аз навоҳӣ, аз ҷумла пойтахти Тоҷикистон қатъ гардид, ки ба иттилои масъулин ба далели садама дар хатҳои интиқол бинобар зиёд шудани сарборӣ рух додаст.
Баҳор дар Тоҷикистон бо бебарқӣ оғоз шуд
Одатан маҳдудияти барқ танҳо дар навоҳии Тоҷикистон ҷой дошт, ки солҳо боз дар фасли сармо пурра бо барқ таъмин нестанд. Дар пайи қатъи интиқол таъминот дар бархе аз рустоҳо беҳбуд ёфтааст.
Аз ҷумла сокинони Суғд мегӯянд, барқро дар рӯзҳои охир бемаҳдудият гирифта истодаанд.
Ба гуфтаи истиқоматкунандагони навоҳии шимоли кишвар, таъминот тайи қариб 4 рӯзи охир бемаҳдудият шудаст.
Масъулини барқ дар Суғд таъйид карданд, ки бо назардошти фароҳам омадани имкониятҳои истеҳсолию интиқолдиҳӣ, рустоҳои вилоят ҳама бо барқи доимӣ таъмин ҳастанд.
Аммо расман ҳанӯз эълон дар бораи лағви лимит нашр нашудааст. Маҳдудияти барқрасонӣ дар ҷумҳурӣ аз 28 сентябри соли 2023 амал мекунад.