ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Монеъ шудан ба таҳсили асосӣ, надодани маблағи таъминот ва издивоҷи барвақтӣ аз бахшҳои асосии нақзи ҳуқуқи ноболиғон дар Тоҷикистон арзёбӣ шуданд.
Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон дар ҳисоботи солонааш ба палатаи болоии парлумон гуфт, ки тайи соли гузашта ҳуқуқу манфиати беш аз 500 ноболиғ барқарор карда шуд.
Вай таъкид намуд, ки барои нақзи ҳуқуқу озодиҳои ноболиғон садҳо парвандаи ҷиоӣ боз гардидааст.
Аз ҷумла мисол овард, ки дар соли 2023 барои саркашӣ намудан аз пардохти маблағ вобаста ба таъмини фарзанди ноболиғ 219 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.
Монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои дигари роиҷ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад, ки барои даст доштан дар ин аъмол 123 парванда боз шуда будаст.
Барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳӣ нарасида — 29, ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон — 22 ва бастани аҳди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Ба таъкиди додситони кулли Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандоне, ки ба синни балоғат нарасидаанд, таҳти назорати пайваста қарор дорад.