ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Артиллеристони гурӯҳи "Марказ" мошинҳои зиреҳпӯши украинӣ ва нерӯи зиндаро, ки дар самти Авдеевка мутамарказ шуда буданд, бо истифода аз системаҳои "Град" нобуд карданд.
Ҳайатҳои "Град" дар вақти торикӣ кор мекарданд, то ки ба душман ноаён бимонанд. Танзими оташкушоӣ ва назорати объективӣ аз ҷониби тими бесарнишонҳо анҷом дода шуд, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия.
"Мо асосан дар торикӣ кор мекунем, то зарбаҳо ҷавобӣ набошад. Душман моро шабона намебинад, аммо операторони мо ҳама чизро мебинанд... Бинобар ин мо шаб кор мекунем. Фарқе нест - шабу рӯз. бачаҳо кордонанд", — иқтибос оварда шуд аз фармондеҳ бо лақаби "Ока".
Низоми мушакии "Град" пеш аз ҳама барои нест кардани қувваҳои пӯшида, мошинҳои зиреҳпӯш дар минтақаи тамаркуз, батареяҳои тӯпхонаву миномёт, посгоҳҳои фармондеҳӣ ва дигар ҳадафҳо дар шароити гуногуни ҷанг пешбинӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.