Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Фаъолияти комиссия оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи меҳварии мулоқоти вазирон буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар ҳошияи баргузории Форуми дипломатии Анталия масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон низ баррасӣ шуданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Жээнбек Кулубаев дар доираи форум мулоқот анҷом дода, азми дуҷонибро барои ҳалли зудтари масоили марзӣ баён доштанд.
"Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла раванди фаъолияти комиссия оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро муҳокима намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Зимнан вазирон бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли зудтари масъалаҳои сарҳадӣ, ки аз дастурҳои роҳбарияти олии ду кишвар бар меоянд, таъкид карданд, афзуд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти якҳафтаинаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон бо чӣ анҷомид?
Қаблан Муҳриддин изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд дар бораи ҳудуди 100 километри дигари марзи муштарак созиш кунанд. Қитъаи ҳамоҳангнашуда тақрибан 10% дарозии сарҳади давлатиро ташкил медиҳад, афзуд вазири тоҷик ва таъкид намуд, ки ҳарду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.
Ӯ тавзеҳ дод, ки "минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондаанд ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд".
Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтаст.