ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Дар Душанбе шаш нафар аз заҳролудшавӣ аз оксиди карбон фавтиданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода гуфтанд, ки ҳодиса шаби 27 ба 28 феврал дар манзили як хонавода дар кӯчаи Гравзаводи ноҳияи Фирдавсии Душанбе сар задааст, ки барои рафъи сармо аз бухориву ангишт истифода мекарданд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳодисаи нохуш нахуст ҳамсояҳо огоҳ шуда, ба мақомот хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки падар ва модари хонадон 38 ва 37 сол дошта, кӯдаконашон 11, 9, 8 ва хурдӣ 6-сола будааст.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки ҳангоми истифодаи бухорӣ аз эҳтиёт кор бигиранд.
Чӣ гуна метавон худро аз заҳрозудшавӣ муҳофизат кард
Гази карбон ғубори ангишт (CO), маҳсули сӯзиши нопурраи ин ё он сӯзишворӣ. Ин газ рангу буй надорад; организмро заҳролуд мекунад. Омехтаҳои газии мухаррикҳои дарунсӯз зиёд гази карбон доранд.
Бояд гуфт, ки бухории сарпӯшида, ки дар дохилаш мавди сӯхти ҳанӯз носӯхта дорад, манбаъи асосии гази карбон аст ва он метавонад хеле номаълум ва ба оҳистагӣ бошандагони хонаро заҳролуд кунад.
Гулхан дар сурати нарасидани ҳаво ба гази карбон табдил мешавад ва он аз тариқи қисматҳои пайвастшудаи бухорӣ ба фазои хона ворид мегардад.
Агар дар дохили бухорӣ чанд дона ангишти носӯхта боқӣ монда бошад, хуб аст, ки онро аслан хомӯш кунанд ва ё мунтазир бимонанд, ки он низ пурра бисӯзад.
Вақте ангиштҳо хираранг мешаванд ва дар онҳо шуълаи гулхан дида намешавад, метавон баъди даҳ дақиқа сарпӯши бухориро маҳкам кард. Бояд истифодаи бухории гармкардашуда ду соат пеш аз хоб қатъ карда шавад.
Сабабҳои заҳролуд шудан ба гази карбон инҳо мебошанд:
Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи дурусти бухорӣ барои гарм кардани хонаҳо (сари вақт маҳкам накардани сарпӯши он, нарасидани ҳавои кофӣ, кашиши сусти дудбаро).
Нодуруст ба роҳ монда шудани кори бухорӣ ва дудбарои он (тарқишҳо дар бухорӣ, баста шудани дудбаро).
Ёрии аввалин ҳангоми заҳролудшавӣ
Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бояд баровард.
Роҳҳои хуруҷи гази карбонро бояд баст. Хонаро тафтиш карда, дару тирезаҳоро боз намуда, аз он бояд хориҷ гашт.
Агар ҷабрдида аз ҳуш нарафта бошад, ӯро бо ҳавои тоза бояд таъмин намуд. Ҳатман бояд мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намуд.
Агар ҷабрдида аз ҳуш рафта бошад, бояд то омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” фавран ӯро нафаси сунъӣ дод.
Ба духтури ёрии таъҷилӣ дар бораи шубҳа аз заҳролудшавӣ бо гази карбон гуфт. Агар ҷабрдидаи гази карбон ба худ омад, вале муддати дурудароз аз ҳуш рафта буд, пас бояд ӯро ҳатман ба бемористон барои табобат интиқол дод.