Русия маблағгузорӣ барои таблиғи забони русӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳонро афзоиш медиҳад

Путин гуфт, Русия равобити байналмилалӣ дар бахшҳои амният ва иқтисод, аз ҷумла бо кишварҳои БРИКС, кишварҳои арабӣ ва Африқоро идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ҳукумат бояд маблағгузории барномаҳои таблиғи забон ва фарҳанги русиро зиёд кунад.
Ин фармонро раисиҷумҳури ин кишвар Владимир Путин дар чаҳорчӯби эъломи паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ ироа кард.
"Ман аз ҳукумат хоҳиш менамоям, ки маблағгузории барномаҳои байналмилалиро дар самти тарғиби забони русӣ ва фарҳанги сермиллати мо афзоиш диҳад. Пеш аз ҳама, албатта, дар ИДМ ва дар маҷмӯъ дар ҷаҳон", - гуфт сарвари давлат.
Президент қайд кард, ки бе Русияи сохибихтиёру тавоно ягон тартиботи ҷаҳонӣ имконнопазир аст.
Вай гуфт, Русия равобити байнулмилалӣ дар заминаи амният ва иқтисод, аз ҷумла бо кишварҳои БРИКС, кишварҳои арабӣ ва Африқоро идома хоҳад дод.
Шароити таҳсил бо забони русӣ дар Тоҷикистон - тасвирбаён
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бартарии аҳамияти забон ва адабиёти русро дар тарбияи насли наврас таъкид карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, баланд бардоштани аҳамияти забон ва адабиёти рус яке аз авлавиятҳои асосии Ҷамъияти адабиёти рус аст - донистани забони русӣ ва донистани адабиёти рус барои ҷавонон имкониятҳои васеъ мекушояд.