Паёми Путин ба Шӯрои Федератсияи Русия: видео

Аъзои ҳукумат, вакилон, соҳибкорон, фарҳангиён ва ширкаткунандагони амалиёти вижаи низомӣ дар "Гостиний Двор"-и Маскав ҷамъ омаданд
Sputnik
Президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси федеролӣ паём ирсол хоҳад кард.
Суханронии раҳбари Русия мустақиман дар шабакаҳои федералӣ ва платформаҳои онлайн пахш мешавад.
Аз рӯи анъана теъдоди даъватшудагон ба ин маросим ҳудуди 1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар чорабинӣ аъзои ҳукумат, вакилон, соҳибкорон, фарҳангиён ва ширкаткунандагони амалиёти вижаи низомӣ ҷамъ омаданд.
Мусоҳибаи комили Путин бо рӯзноманигори амрикоӣ - видео
Суханронии сарвари давлат дар ин формат 19-умин суханронии Путин хоҳад буд.
Президенти Русия қаблан гуфта буд, ки Паём ба Маҷлиси федералӣ вазифаҳои ҳадди ақал барои 6 соли ояндаро муайян мекунад.
Дафъаи қаблӣ Путин паёми худро моҳи феврали соли 2023 ироа карда буд.