Таҳлилгарон: бояд бо мақомдорони Афғонистон дар масоили обӣ музокира кард

Таҳлилгарони Осиёи Марказӣ тарҳи канали оби Қӯштеппаро, ки толибҳо дар Афғонистон сохта истодаанд, низоъхез хонда, аз зарурати дипломатия гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Афғонистон ба як ҷониби истифодаи муштараки оби фаромарзии Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст ва бояд бо ин кишвар дар ин масъала ҳамкорӣ роҳандозӣ гардад.
Ин нуктаро мудири Академияи дипломатии Донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи ҷаҳонӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Абдусамад Ҳайдаров дар суҳбати видеоӣ бо Sputnik баён дошт.
Вай гуфт, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Афғонистони амну ором зарур аст, ки омодаи ҳамкории созандаю тарафайн судовар бо кишварҳои ҳамсоя бошад.
Ворид кардани ҳукумати Афғонистон ба масоили минтақавӣ, аз ҷумла истифодаи обу сохтмони Қӯштеппа ба суди кор аст, чун бояд ҳамкорӣ кард, мушкилро бидуни Афғонистон наметавон ҳал кард, гуфт ӯ.
Таҳлилгар истифодаи самараноки обро муҳим хонд, чун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қариб 90%-и оби ошомиданӣ дар бахши хоҷагии қишлоқ истиофода мешавад, ки дар ҷаҳон ин нишондод то 65% аст.
Коршинос дар бораи Толибон*, гуруҳҳои террористӣ ва хатарҳои ношӣ аз он гуфт
Ҳайдаров илова намуд, ки то 40%-и талафот дар каналҳо ҷой дорад, ки умдатан бетонкорӣ нашудаанд. Ӯзбекистон ба истифодаи самараноки об таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Коршиноси маркази байналмилалии геополитикии "Восток-Запад" Руслан Казкенов гуфт, сохтмони Қӯштеппа метавонад ҳадафҳои сиёсӣ дошта бошад.
Барои ҳукумати толибҳо, ки ҳадафи эътирофи байналмилалӣ доранд, аз тариқи бунёди чунин тарҳҳо мехоҳанд ин мақсадро ба даст оранд, гуфт ӯ.
"Захоири об мерасад, аммо ҳамаи кишварҳо бояд бо сиёсати муштарак идораи обро роҳандозӣ кунанд. Бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷоя бо Афғонистон дар ин самт фаъолият кунанд", - таъкид намуд коршинос.
Вай изҳори боварӣ намуд, ки мавқеъгириҳои муштараки кишварҳои Осиёи Миёна метавонад таъсири бештаре ба ҳукумати толибҳо дошта бошад.