ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ҳадафи ДИИШ* дар самти стратегии Осиёи Марказӣ паҳн кардани идеологияи радикалӣ ва фаъолиятҳои тахрибкорӣ дар марзҳои ҷанубии СААД аст.
Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи ниҳоди тобеяш ҳушдор дод.
"Мо чораҳои фаъолро андешида истодаем. Имсол дар Ҳавзаи марказии ҳарбӣ талошҳои асосӣ барои рафъи вазъи бӯҳронӣ дар кишварҳои минтақа ва ширкат дар ҳафт размоиш дар қаламравҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон равона карда мешаванд", - гуфт Шойгу.
Вай таъкид намуд, ки нишондоди муҷаҳҳазсозии ин нерӯҳоро бо техникаи муосиртарин ба 52% хоҳанд расонд.
Афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар самти стратегии Осиёи Марказӣ ва интиқоли он аз тариқи ҷумҳуриҳои ин минтақа метавонад ба 20% бирасад, гуфт вазири дифои Русия.
"Интизор меравад, тақрибан 20% тавлиди маводи мухаддир ва мутаносибан қочоқи маводи мухаддир тавассути ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёбад", - гуфт Шойгу.
Вазири дифои Русия ҳамчунин таъкид намуд, ки созмонҳои ғайриҳукуматии ғарбгаро дар пасманзари амалиёти вижа барои барҳам задани ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои минтақа дар Осиёи Марказӣ фаъолтар шуданд.
"Дар минтақа беш аз 100 созмони бузурги ғайридавлатии ғарбгаро фаъолият мекунанд, ки беш аз 16 ҳазор намояндагӣ ва филиалҳо доранд.Дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ ин созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолиятҳои зидди Русияро ба маротиб афзоиш додаанд", - гуфт ӯ.
Вазири мудофиа ҳадафи созмонҳоро коҳиш додани ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия арзёбӣ намуд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия.