Тоҷикистону Ӯзбекистон назорати оби фаромарзиро автоматӣ карданд

То ҳол оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо дастгоҳҳои куҳна мушоҳида ва сабт мешуд, ки гоҳо нишондодҳои духӯра доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 февр — Sputnik. Дидбонгоҳҳои автоматикунонидашудаи “Патар” ва “Сарват” барои назорати истифодаи муштараки об миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъол гардиданд.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки кори дидбонгоҳҳои таҷдидшуда, мавзуъҳои меҳвалии ҷаласаи 6-уми Гуруҳи кории ду кишвар оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ буд.
Дидбонгоҳҳои “Патар” ва “Сарват” дар каналҳои байнидавлатии Канали калони Фарғона ва Канали шимолии Фарғона фаъолият доранд.
Ҳукумат барои НБО "Роғун" аз хазинаи муътадилӣ маблағ ҷудо кард
Дар ҷаласа ҳамчунин зикр шудаст, ки низоми куҳнаи сабти нишондодҳо баъзан боис мешуд, ки дар ду самт рақамҳои мухталиф сабт гарданд. Рақамисозии бахш барои идораи беҳтари истифодаи об мусоидат хоҳад кард, муътақиданд ҷонибҳо.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, автоматикунонии дидбонгоҳҳо дар раванди рақамикунонии соҳаи об, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ин ниҳод мебошад, қадами арзанда аст.
Дар расми ифтитоҳ намояндагони воломақом аз ду тараф, аз ҷумла вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон, Шавкат Ҳамроев ва дигар мақомдорон иштирок доштаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои нави байнидавлатӣ дар соҳаи захираҳои об ва дигар масъалаҳои марбута байни Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намудаанд.