"Равшан"- и Кӯлоб ба дастоварди беназир дар таърихаш даст ёфт

Тими "Равшан"-и Кӯлоб дар соли ҷорӣ барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид, ки бори аввал дар таърихи ин бошгоҳ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Барои Ҷоми ФФТ дар бозии ниҳоии соли 2024 дастаҳои "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ва "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор сабқат карданд.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи тими Кӯлоб поин ёфт.
Ба иттилои телевизиони "Варзиш", ягона голи вохӯриро собиқ бозигари дастаи “Эсхата” - Бахтиёр Зарипов дар дақиқаи 84-уми бозӣ ба ҳадаф расонид.
Аз ҳизби ҳоким вакили нав вориди парлумони Тоҷикистон шуд
"Пас аз қоидавайронкунии Абдухалил Боронов муқобили Нозим Бобоҷонов аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро Юрий Батюшин дохили ҷаримагоҳи "Ҳосилот" ирсол кард ва аз иштибоҳи дарвозабон Гбеку Просбер истифода бурда, Зарипов ягона голро марбути номи хеш кард", - афзуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки "Равшан" бори аввал дар таърихи хеш ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд. "Ҳосилот" соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз "Равшан" беҳтарин бозигари вохӯрӣ эълон шуд.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта КМВА барандаи Ҷоми ФФТ шуда буд, ки дар бозии ниҳоӣ "Регар ТадАЗ"-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Қабл аз ин "Регар ТадАЗ" қаҳрамон буд, ки дар бозии ниҳоӣ бар "Ҳосилот" бо ҳисоби 4:0 дастболо гардида буд.