ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC Fight Night 237 дар шаҳри Мехико Эрик Силва аз Венесуэларо дар дақиқаи аввал, дақиқтараш дар 44 сония ба нокаути техникӣ фиристод.
Бо шикасти Силва, Наимов пирӯзии сеюми худро дар ташкилоти бонуфузи UFC таъмин кард. Дар маҷмуъ размикор 13 муҳорибаи касбӣ гузарондаст, ки дар 11-тои он пирӯз ва дуяшро бохтаст.
Ӯ гуфт, фикр мекунад, ду рақиби қаблияш қавитар буданд, аммо ин интихоби UFC асту шахсан барояш фарқе надорад, омодааст бо панҷгонаи беҳтарини созмон вориди сабқат шавад, чун ҳадафи қаҳрамонӣ дорад.
Вай дар хитоб ба масъулини созмон гуфт, омодааст бо ҳар рақибе дар ин вазн аз сархати беҳтаринҳо вориди майдон шавад. Вай ҳамчунин ба мухлисонаш аз Тоҷикистон, ки бедорхобӣ кашиданд, то ҳунарнамоияшро тамошо кунанд, сипос гуфт.
Қаблан, Наимов дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Даби бар размикори бритониёӣ Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.
Дар рақобати аввалинаш дар созмон Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия дастболо шуда буд. Наимов 29 сол дорад.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир барои ҳунарҳои размии омехта дар Тоҷикистон то ҷое бобарор арзёбӣ мешавад, чун UFC, ки аз созмонҳои бонуфузтарини ин бахш аст, бо 4 намояндаи Тоҷикистон шартнома баста буд.
Дар ин ҷода аввалин Нурулло Алиев шуда буд. Баъд аз ӯ, Лоиқ Раҷабов ба UFC роҳ ёфту сипас ин созмон бо Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов шартнома баст.