Шумораи аҳолии Тоҷикистон 2% афзуд

Таваллуд ба ҷуз аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Душанбе, НТМ ва вилоятҳои Суғду Хатлон афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ 2 дарсад афзуд, хабар медиҳад Оҷонсии омори назди Президенти Тоҷикистон.
Тибқи маълумоти оморӣ, бо назардошти бақайдгирии таваллуд, фавт ва муҳоҷират шумораи аҳолӣ то 1 январи соли равон 10 277,1 ҳазор нафарро ташкил дод.
"Афзоиши табиии аҳолӣ, тибқи маълумоти пешакӣ, дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 нисбат ба як соли пеш 3,9 % афзуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Оҷонсӣ зикр намуд, ки дар ин давра дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 239,9 ҳазор нафар таваллудшудагон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки соли гузашта ба қайд гирифтани таваллуд дар давраи муқаррарнамудаи қонун 4 %афзоиш ёфтааст.
Таваллуд зиёд, фавт кам: дар Суғд теъдоди аҳолии минтақаро эълон карданд
Гуфта мешавад, афзоиши бақайдгирии таваллуд дар тамоми минтақаҳо ба ҷуз ВМКБ мушоҳида мешавад.
Бақайдгирии таваллуд дар шаҳру вилоятҳо ҳоло чунин аст:

Хатлон - 5,5 %;
Суғд -2,8%;
Душанбе - 7,4%;
НТҶ - 2,3 % афзуд.
Зимнан, дар ВМКБ баръакс бақайдгирии таваллуд 10,5% кам шудааст.