ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шартномаи таъсиси факултаи муштараки геологӣ миёни Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи геологияи Серго Орджоникидзеи шаҳри Маскав ба тавсиб расонида шудааст
Феълан раванди ҳуқуқии ин муассисаи муштараки навтаъсис идома дорад ва интизор меравад он шурӯъ аз соли нави хониш дари худро ба рӯи донишҷӯён боз хоҳад кард.
Дар ин бора ректори Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ин масъули Донишкада таъсиси чунин як факултаи муштаракро дар самти омоданамоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи геогологӣ ва кӯҳкорӣ муҳим арзёбӣ кард.
“Алҳол омӯзиши ҷанбаҳои ҳуқуқӣ таъсиси ин муассисаи муштарак идома дорад. Кӯшиш мекунем масъалаҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузории он ҳарчӣ зудтар ба поён расад ва факулта ба фаъолият оғоз намояд” – зикр кард, ректор.
Гуфта мешавад факултаи муштарак аз рӯи ихтисосҳои геология, омӯзиши истихроҷ ва коркарди нафту газ ва дар самти корҳои куҳкорӣ мутахассисон омода хоҳад кард.
Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид кард, ки дар сурати боз шудани муассисаи муштарак донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик метавонанд дар асоси шартномаи байнидонишгоҳи корҳои таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисосро бо ширкати омӯзгорону устодон дар донишгоҳи шаҳри Маскав гузаронанд.
Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) и вилояти Суғд воқеъ буда он соли 2006 таъсис дода шудааст. Ин муассисаи таълими ҳоло бо 47 муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ҳамкори барқарор кардааст, ки қисмати бешгтари он донишгоҳу донишкадаҳои Русия гуфта мешавад.