ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико гуфт, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот метавонад дар муддати кӯтоҳ ихтилофи атрофи Украинаро ҳал кунад.
"Мо сулҳро бо роҳи зӯр барқарор хоҳем кард, ҳатто пеш аз он ки ман ба курсии худ биёям. Ба зудӣ пас аз пирӯзӣ дар интихобот, ман ба созиши Русия ва Украина ноил мешавам". - гуфт ӯ дар як суханронӣ дар Теннесси.
Тавре Трамп гуфтааст, танҳо ӯ метавонад аз сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ кунад.
"Мо ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хеле наздикем", — гуфт вай.
Қаблан ӯ гуфта буд, ки ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ба сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ин қадар наздик набуд,
"Фикр намекунам, ки мо ҳеҷ гоҳ ба чунин хатари ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дучор нашудаем. Ва чунон ки дар ҳар суханронӣ мегӯям, ман аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ мекунам, ман ҳамаи ин одамонро мешиносам.", - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамзамон изҳор дошт, ки Ҷо Байден қодир аст, ки ҷанги сеюми ҷаҳониро оғоз кунад ва Амрикоро дар муддати боқимонда то интихоботи президентӣ нобуд созад.
Ин сиёсатмадор таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳида таҳти маъмурияти вориси ӯ Ҷо Байден ба як "давлати заиф ва бесамар" мубаддал шудааст, ки андешааш дар арсаи ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта намешавад.
Қаблан Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо Fox News шубҳа дошт, ки Трамп дар сурати пирӯзӣ дар мубориза барои курсии раҳбари Амрико, метавонад низоъ дар атрофи Украинаро ҳал кунад.