Дар Тоҷикистон таҳсилоти миёна ҳатмӣ шуд

Қаблан мактаббачагон дар Тоҷикистон пас аз хатми синфи 9 ва гирифтани маълумоти миёнаи нопурра метавонистанд таҳсилро қатъ кунанд, аммо минбаъ чунин намешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд таҳсилоти ҳатмии миёна ҷорӣ карда мешавад.
Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи маориф"-ро қабул карданд, хабар медиҳад рӯзномаи "Садои мардум".
Ҳуҷҷат барои ҳамаи шаҳрвандон таҳсилоти ҳатмии миёнаро пешбинӣ мекунад. Интизор меравад, ки хонанда ё синфи 11-ро хатм кунад ё дар коллеҷ ё техникум таҳсил кунад.
Ҳамин тавр, баъди хатми синфи 9 бо маълумоти умумии асосӣ мактабро тарк кардан ва хонданро давом надодан имконнопазир мегардад.
"Таҳсил дар синфҳои 10-11 дар мактаб (таълимоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ шуд ва дар сурате, ки муҳассит нахоҳанд ин зинаҳоро давом диҳад метавонанд таҳсилро дар коллеҷу техникумҳо идома диҳанд", - омадааст дар паём.
Қаблан мактаббачагон дар Тоҷикистон пас аз хатми синфи 9, бо гирифтани маълумоти миёнаи нопурра метавонистанд таҳсилро қатъ кунанд.
Вазири маориф ва илми кишвар Ращим Саидзода дар шарҳи ин тағйирот гуфт, ки ҳадафи он шароит фароҳам меорад, ки раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандон таъмин гардад.
Ӯ гуфт, ки ин иқдом аз сӯйи ба фарогирии таҳсил мусоидат кунад, аз ҷониби дигар ба коҳиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон сабаб мешавад.
Шароити таҳсил бо забони русӣ дар Тоҷикистон - тасвирбаён
Тибқи омори овардаи вай дар ҷумҳурӣ соли 2023-юм аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо (79,1 фоиз) ноболиғоне мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон барномаи арзёбии дониш аз 10-баллӣ ҷорӣ карданиянд.
Таҷриба аллакай дар 140 муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад. Дар сурати мусбӣ будани натиҷаҳо ин низом дар тамоми мактабҳои кишвар ҷорӣ хоҳад шуд.