Намоишгоҳ ва фурӯши осори рассомони ҷавон барои ҷалби бештари ҷавонон ба ин соҳа мусоидат хоҳад кард, изҳор доштанд ташаббускорони чорабинӣ. Намоишгоҳ - фурӯши маҳсули эҷодии донишҷӯёни риштаи мусаввирӣ даҳҳо нафарро дар Хуҷанд гирди ҳам овард.
Манзараҳои сарсабзи кишвар, муҳаббати модар ба фарзанд, тахтаҳои кандакоришуда бо тасвири рустаниву олами ҳайвонот ва матоъҳои гулдӯзишуда, аз зумраи офаридаҳои ҳунармандони ҷавон буд, диққати ҳар як тамошобинро ба худ мекашид.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба намоишгоҳ рафт ва маҳсули эҷодкоронро сабт намуд.
Профессори донишгоҳи Хуҷанд, Ғафурҷон Ҷӯраев, мегӯяд, дар шароити рушди техника ва интернет баргузории чунин намоишгоҳҳо ба завқи рассомию ҳунармандӣ мусоидат хоҳад кард.
“Ҳунари асил аз қалб офарида мешавад ва ин ба кас маънавиёт мебахшад” – гуфт, ӯ. Ин устоди донишгоҳ зикр кард, барои равнақи ҳунари асили аждодӣ бояд чунин қабил намоишгоҳҳо мунтазам баргузор карда шавад.
Намоишгоҳ - фурӯши рассомон тӯли ду рӯз дар Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд давом хоҳад кард.