Рубл каме дар Тоҷикистон гарон шуд: доллару евро чӣ?

Асъори русӣ дар баробари арзи тоҷикӣ дар соли равон ҳоло мавқеи устуворро касб накарда ҳамарӯза дар таҳаввул қарор мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Рубли русӣ дар Тоҷикистон пас аз чанде коҳишёбӣ нисбат ба пули миллӣ каме боло рафт.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 118,6 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 1000 рубл 118 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Асъори русӣ давоми чанд ҳафта аз марзи 124-125 то 118 сомонӣ барои 1000 рубл поин омада буд, пастарин нишондиҳанда дар соли нав аст.
Дар баробари рубл евро ва доллар низ гаронтар шудаанд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11. 8113 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки 19 феврал қурби ҳар евро 11.8001сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, агар рӯзи гузашта бар ивази ҳар доллар 10.9554 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9557 сомонӣ медиҳанд.
Тилофурӯшӣ барои ҷилавгирии долларишавӣ дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9557 то 10.9700 сомонӣ, 1 евро аз 11.8113 то 11.9500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 118,6 то 120,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.