Кашфи сигорҳои кочоқии Тоҷикистон ба миллиардҳо сум дар марзи Ӯзбекистон

Кормандони гумруки Ҷуҳурии Ӯзбекистон ба маблаги 10 млрд сум сигорҳои қочоқиро дар қатораи Тоҷикистон ошкору мусодира карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Кормандони гумрук дар Сурхондарё як бастаи бузурги сигорҳои бе тамғаи аксизиро кашф карданд, ки арзиши умумии онҳо беш аз 10 миллиард сӯмро ташкил медодааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Podrobno.uz”.
Ба иттилои манбаъ, кормандони идораи гумруки вилояти Сурхондарё воридоти ғайриқонунии сигорро ба маблағи миллиардҳо сум аз вагони қаторае, ки аз Тоҷикистон тавассути хоки Ӯзбакистон транзит мерафт. кашфу боздошт шуд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи скан кардани яке аз вагонҳои қатора, ки аз Тоҷикистон вориди Ӯзбекистон шуда буд, дар постгоҳи гумрукии сарҳадии роҳи оҳани "Сариосиё" боре ошкор шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ зикр нашудаанд.
Аз байни қутиҳои чангкашак, мошини ҷомашӯӣ ва халтаҳои шири хушк кормандони гумрук 402 ҳазор қуттӣ сигорҳои “Esse Change” ёфтанд, ки арзиши умумии он 10,5 млрд сумро ташкил медиҳад.
"Дастатро мешиканам": ҷанҷоли Тошиев бо Мадумаров зимни баҳси қочоқ ба Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир мақомоти гумрукӣ дар мавриди қочоқи як бастаи бузурги сигор таҳқиқ доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи феврал Прокуратураи генералӣ дар вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах се ҳолати тиҷорати қалбакӣ ва сигорҳои бебоҷи аксизиро ошкор карда буд.
Пештар кормандони гумрук воридоти моли декларатсиянашударо ба маблағи қариб 4 млрд сӯм, аз ҷумла як силсила сигорҳои электрониро кашф карда буданд.