ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бар асарӣ фаромадани тарма 5 мошин дар километри 158-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ зери он мондаанд.
Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули нигоҳдории роҳи пулакии мазкур мебошад хабар додааст. Т
Ба иттилои манбаъ, баландии ин тарма 6 метр буда паҳноияш 50 метрро ташкил медиҳад.
"Хушбахтона дар пайи фавран бартараф сохтани тарма аз ҷониби кормандони ин ширкат, мошинҳо аз зери тарма берун оварда шуда талафоти ҷони ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар иттилоия.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар такя ба маълумоти ҳавосанҷон хабар дода буд, ки то 21 феврал бо вуруди сармо дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳаво ҳавои намнок, сард ва тар пешбинӣ шудааст.
Ҳавосанҷон дар идома гуфтаанд, ки тайи чаҳор рӯзи дигар дар ноҳияҳои ҷануб ва шимоли қаторкӯҳҳои Ҳисор ва навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар робита ба эҳтимоли бадшавии обу ҳаво КҲФ аз сокинон даъват намуд, ки хонаҳои худро гарм нигоҳ доранд ва аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намоянд. Инчунин даъват шуд, ки ҳангоми боди шадид зери дарахтон, симчӯбҳои интиқоли барқ, сутунҳои реклом паноҳ набаранд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоранд, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст.