Шеров нишони нуқраи Тоскулоҳи бузургро соҳиб шуд

Бо гузашти дуюмин рӯзи мусобиқаҳои Гран Слам ё худ Тоскулоҳи бузург ба хазинаи варзишии Тоҷикистон як медали нуқра ворид шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Ҷудокори ҷавони тоҷик, Абубакр Шеров медали нуқраи "Baku Grand Slam 2024"-ро ба даст овард.
Шеров дар вазни то 73 кило дар даври ниҳоӣ барои нишони тило бо варзишкори кишвари мизбон Ҳидоят Ҳайдаров мубориза бурд, аммо натавонист ӯро шикаст диҳад.
Паҳлавони тоҷик то расидан ба ин зина, дар даври аввал бар ҷудокори руминиягӣ Алехандру Райсуи, дар марҳилаи дуюм бар Михейли Бахбахашвилии гурҷӣ, бар намояндаи АМА Карим Абдуллоев дар даври сеюм , Артур Маргелидон дар даври чаҳорум шикаст дод.
Барои расидани рақобати финалӣ ӯ Хаҷаалиев Аюби озарбойҷониро дар даври нимниҳоӣ шикаст дод.
Ҳамин тариқ дар рӯзи дуюми рақобатҳо тими ҷудокорони кишвар як медал ба даст овард.
Маврид ба зикр аст, ки ин мусобиқа аз 16 феврал оғоз шуда то фардо давом мекунад ва дар он 12 варзишкори тоҷик ширкат доранд.
Хоркашев миёни собиқадорони ҷудо қаҳрамони ҷаҳон шуд
Рӯзи аввал Тоҷикистонро Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муминова (-52 кг) ва Фазилат Гулбоева (-57 кг) намояндагӣ карданд.
Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввал Баюржан Нарбайеви қазоқро шикаст дода, дар даври дуюм аз Балабай Ағаеви озарӣ шикаст хӯрд.
Ҳамзамон духтарон низ дар аввалин рақобатҳои худ мағлуб гардиданд.
Имрӯз бошад Илҳомиддин Ҷабборов ҳам аз ҷудокори турк дар даври аввал шикаст хурда аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Рӯзи охири мусобиқа нерӯсанҷии паҳлавонҳои нисбатан гаронвазни тоҷик дар назар мебошад.
Ба гузориши Федератсияи байналмилалии ҷудо дар мусобиқа ҳудуди 500 варзишгари беш аз 65 давлат ширкат доранд.
Ҷоизадорони мусобиқа хол ба даст оварда, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд ва ҳамзамон сазовори ҷоизапулӣ дар ҳаҷми аз 5, 3 ва 1,5 ҳазор евроӣ хоҳанд шуд.