Хунсупорӣ дар диаспораи тоҷикон дар Маскав доир шуд - видео

Супоридани хун ё рӯзи донор дар ташкилоти ҷамъиятии "Нур" дар Маскав аз сӯи диаспораи тоҷикони муқими пойтахти Русия ба ҳукми анъана даромадаст
Sputnik
Чорабинии хайриявии рӯзи донори хун дар созмони ҷамъиятии "Нур" теъдоди зиёди одамонро дар дафтари ин созмон гирди ҳам овард.
Дар ташкилоти ҷамъиятии "Нур" маъракаи солонаи "Рӯзи донори хун" ҳамасола баргузор мешавад. Ҳама имкон доштанд омада, аз муоинаи пешакӣ гузаранд ва донор шаванд.
Ташкилкунандагон мегӯянд, ин чорабинӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва хоҳишмандони кумак ба ниёзмандон майли афзоиш доранд.
Бархе аз иштирокчиёни чорабинӣ бо дӯстону наздикон омадаанд, то саҳмашонро дар кори нек гузоранд. Ба гуфтаи онҳо бо ин роҳ мешавад, ҷони касеро наҷот дод ва ба касе кӯмак кард.
“Имкон дорад”: вазири тандурустӣ дар бораи “маризии Х”
Аксияи хайриявии "Рӯзи донор" дар диаспораи тоҷикони созмони ҷамъиятии "Нур" сурат мегирад, ки ҳамакнун панҷ сол аст, ки ин анъана давом дорад.
Дар чорабинии навбатӣ ба гуфти масъулин аллакай 35 литр хун ҷамъоварӣ шудааст.
Ин чӣ гуна рӯй дод ва чаро барои иштирокчиён кӯмак кардан ба одамон муҳим аст - видеоро тамошо кунед.