ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Барои Украина аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо тавсияҳо дода шудаст, ки бояд такя ба силоҳи дурпарвоз кунад, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров.
Ӯ зимни ҳамоиш дар солгарди Евромайдони Украина гуфт, Ғарб тавсия додаст, ки ба Киев бояд силоҳеро интиқол диҳад, ки метавонад ба “дили Русия” биравад, то дар кишвар ваҳм андохта шавад.
Вай дар масъалаи муколама бо Украина афзуд, ки тӯб дар ҷониби Русия нест ва барои пешравӣ дар ин самт бояд Зеленский аввал манъи гуфтушунид бо Маскавро лағв кунад. Лимити иқдоми нек аз ҷониби Русия дар самти Ғарб кайҳо тамом шуду Маскав дигар қадами аввал намегузорад, афзуд ӯ.
Қаблан раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ масъалаи музокираи марбут ба вазъи Украинаро тавзеҳ дод.
Равобити сокинони Русия ва Украина дер ё зуд барқарор мешавад, гуфт Путин дар мусоҳиба бо Такер Карлсон.
Русия ҳеҷ гоҳ аз муколама дар бораи Украина даст накашидааст, аммо пас аз хатми музокирот дар Истанбул дар моҳи марти соли 2022, қадами аввалро намегузорад, гуфт Путин.
Амалиёти вижаи низомии Русия бо мақсади озодсозии Донбасс қариб ду сол боз идома дорад, ки Путин ҳадафи онро ҳимояи одамоне номид, ки мавриди таъқибу наслкушӣ қарор гирифтанд.