Сегрт аз мақоми сармураббии мунтахаби Тоҷикистон рафт

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии дусолаи Петр Сегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз, 7 бор мусовӣ ва дар 6 зӯрозмоӣ бохтаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба далели ба охир расидани муҳлати шартнома вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистонро тарк мекунад, иттилоъ дод ФФТ.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Сегрт барои кори дусолаи муштаракаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно мекунад.
Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Петр Сегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст, зикр намуд ФФТ.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт
Таъкид гардид, ки дар ин давра мунтахаб барандаи ду мусобиқаи байналмилалӣ - "King's Cup-2022" дар Таиланд ва соли 2023 дар "Ҷоми Мердека" дар Малайзия шуд.
Федератсияи футболи ҷумҳурӣ афзуд, ки номи сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ ба СММ дар бораи футбол як пешниҳод кард: тафсилот
Маврид ба зикр аст, ки феълан дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз баромади бомуваффақият дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол ба таври назаррас боло рафт.
Дар раддабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон ҳафт зина боло баромада, дар ҷойи 99-ум қарор гирифтаст, ки ин беҳтарин натиҷа дар таърихи тими миллӣ ба ҳисоб меравад, зикр намуд ФФТ.