ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Аз буҷаи Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" дар соли гузашт 5,2 млрд сомонӣ сарф шуд, ки нисбати нақша 2,7 млрд сомонӣ зиёд аст.
Ин нуктаро вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни тавзеҳи хароҷоти давлатӣ дар соли 2023 баён дошт.
Ӯ гуфт, ки соли гузашта нақшаи сармоягузориҳои "Роғун" 2,5 млрд сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо бо назардошти ташаккули нишондиҳандаҳои буҷетӣ ва манобеи дохилӣ танҳо аз буҷет ду баробар зиёд равона гардид.
Қаҳҳорзода афзуд, ки соли равон дар назар аст, ки барои сохтмони нерӯгоҳ 5 млрд сомониро равона созанд. Ӯ афзуд, ки аз ин талош мекунанд, 2,2 млрд сомониро аз хориҷ ва боқимондаро аз манобеи дохилӣ ҷалб созанд.
Ҳадаф нигоҳ доштани суръати сохтмони нерӯгоҳ, ҷойҳои корию расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад, илова намуд вазир.
Мақомоти энергетикии Тоҷикистон қаблан изҳор доштанд, ки барои татбиқи "Роғун" ҳамасола зарур аст, ки ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ равона карда шавад.
Вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи он, ки оё ин имконпазир аст, изҳор дошт, ки тамоми талошҳо барои ҷалби маблағгузориҳо ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" амалӣ шуда истодаанд.
Ӯ яке аз мавзуъҳои асосии суҳбатҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва мизҳои гирду дигар ҳамоишҳоро ҷалби маблағгузорӣ ба "Роғун" хонд.
Феълан ҳамкорӣ дар ин самт бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар созмонҳои молиявии байналмилалӣ идома доранд.
Вазир гуфт, роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ аллакай баррасии тарҳи мазкурро рӯи даст гирифтааст ва ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки он барои маблағгузории тарҳ мусоидат хоҳад кард.
НБО "Роғун" калонтарин чунин тарҳ дар минтақа мебошад, бо фаъолсозии он Тоҷикистон ният дорад, мушкили дохилии нерӯи барқро бартараф созаду ба содиркунандаи он табдил ёбад.